Рӯзи 4-уми август дар Маскав баррасии парвандаи гумонбарони ҳамла ба толори консертии “Крокус” оғоз шуд. Дар ин ҳамла, ки шаби 22-юми марти соли 2024 рух дод, 149 кас кушта шуда, 609 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Тасмими ба Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси идораи “Тоҷикфилм”, додани нақши Абдураҳмони Ҷомӣ, шоиру донишманди асри понздаҳ, дар як филми муштарак бо Узбекистон (Ҷомӣ ва Навоӣ) баҳс барангехт.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешниҳод кардааст, ки музокироти Исроил бо гурӯҳи “Ҳамос” ба ин шева анҷом шавад, ки ҳамаи гаравгонҳо якбора озод ва ҷанг тамом шавад. Дар ин бора Стив Уиткоф, фиристодаи вижаи Амрико дар Ховари Миёна хабар додааст.
Дар шаҳрҳои Душанбе, Бишкек, Остона ва Тошканд ҳатто дар рӯзҳои одӣ низ ҳаракат дар кӯчаҳои серодам метавонад душвор бошад. Аммо дар вақти сафари шахсони воломақом, зиндагӣ дар пойтахтҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ мушкилтар мешавад.
Аксари мардуми Тоҷикистон аз шодии поёни маҳдудияти зимистонии барқ сер нашуда, ба ғами бебарқиҳои тобистонӣ гирифтор шудаанд. Масъулони бахш аз гармо то тарҳу лоиҳаҳои навро баҳонаҳое баро ин бебарқӣ метарошанд.
Раҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз ифшои омори муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия худдорӣ карданд. Ба гуфтаи онҳо ин сабабҳои худро дорад.
Нақшаи генералии бозсозии ноҳияи Данғара соли 2022 тасдиқ шудааст ва тибқи он, бунёди 129 бинои баландошёна дар назар аст.
Масъулони ҳукумати Суғд мегӯянд, масъалаи содда кардани равуои сокинони наздимарзӣ ва сохтани гузаргоҳҳои иловагӣ бо Қирғизистон, баъди кашидани хатти сарҳад баррасӣ хоҳад шуд.
Бо гузашти беш аз чаҳор моҳ Тоҷикистон ҳанӯз ҳам минтақаҳо ва маҳалҳои табодулшударо бо Қирғизистон эълон намекунад. Дар ҳоле ки мансабдорони Қирғизистон пеш аз имзои созишнома баъзе ҷузъиётро ошкор карда буданд.
Раисҷумҳури Амрико рафтори Русияро бо Украина “нафратангез” хонд. Доналд Трамп рӯзи 31-уми июл гуфт, дар сурати ҳосил нашудани ягон созиш бо Маскав ба зидди Русия таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад.
Ёфтҳои бештар