Рӯзи 4-уми август дар Маскав баррасии парвандаи гумонбарони ҳамла ба толори консертии “Крокус” оғоз шуд. Дар ин ҳамла, ки шаби 22-юми марти соли 2024 рух дод, 149 кас кушта шуда, 609 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Аксари мардуми Тоҷикистон аз шодии поёни маҳдудияти зимистонии барқ сер нашуда, ба ғами бебарқиҳои тобистонӣ гирифтор шудаанд. Масъулони бахш аз гармо то тарҳу лоиҳаҳои навро баҳонаҳое баро ин бебарқӣ метарошанд.
Раҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз ифшои омори муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия худдорӣ карданд. Ба гуфтаи онҳо ин сабабҳои худро дорад.
Як таҳқиқи телевизиони “Настоящее время”, тарҳи Радиои Озодӣ, нишон додааст, ки бегонаситезӣ ва нажодпарастӣ дар Русия якбора афзуда, ҳамлаҳо бар пояи бадбинии миллию нажодӣ торафт бештар мешаванд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар талоше барои боло бурдани мақоми омӯзгор ва ҳалли мушкилоти мактабҳои муҳтоҷи муаллим тарҳи қонунеро барои баррасӣ ба порлумон фиристодааст.
Раиси Кумитаи дини Тоҷикистон дар нахустин вокуниш ба монеъ шудани мақомоти тоҷик ба ҳузури варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои исмоилӣ гуфт, ин нақзи ҳуқуқи мазҳабии исмоилиён нест.
Марги Хусрав Одинаев, навраси 15-сола аз маҳаллаи Меҳргони шаҳри Турсунзода, сокинони ин маҳалла ва дигар гӯшаҳои Тоҷикистонро ваҳшатзада кардааст.
Додгоҳи низомии вилояти Хатлон як сарбози неруҳои марзбониро бо гуноҳи ба марг расондани ҳамхизматаш 10 сол зиндонӣ кард. Ҳукм 29-уми июл эълон шуд.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон як сокини шаҳри Турсунзодаро бо иттиҳоми шиканҷа ва ба марг расондани фарзандаш боздошт кардаанд.
Ба аксари гумонбарони куштори пайдарпайи шаҳри Конибодом, Додгоҳи Олӣ ҳукми ҳабси абад таъин кардааст. Дар ин бора шаҳрдори Конибодом зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Ҳамчунин гуфта шуд, ки ду шаҳрванди Қирғизистон ба ин ҷиноят шарик дониста шуда, дар пайгард қарор доранд.
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як занро барои қаллобӣ ва фиреби даҳҳо нафар, ба даҳуним сол зиндон маҳкум кард.
Илёс Идрисзода, раиси Оҷонсии хизмати давлатии Тоҷикистон мегӯяд, беҳтар аст мақомдорони давлатӣ баъди ба нафақа баромадан ҳаҷ кунанд. Изҳори назари Идрисзода 21-уми июл дар нишасти хабарӣ садо дод.
Ёфтҳои бештар