"Гуфтанд, ҳаққи рафтан надорӣ." Русия монеи сафари як зодаи Тоҷикистон шуд

Диловар Ҷӯраев

Мақомоти интизомии Русия ба як шаҳрванди 56-солаи Тоҷикистон иҷоза надодаанд, ки хоки ин кишварро тарк кунад ва ба назди хешонаш ба шаҳри Исфара баргардад. Онҳо гуфтаанд, номи Диловар Ҷӯраев ҳанӯз дар рӯйхати шахсони мавриди ҷустуҷӯ аз тарафи Қирғизистон ҷой дорад.

Номи Диловар Ҷӯраев соли 2021 ва пас аз ҷанҷолҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон расонаӣ шуд. Ӯ рӯзи 4-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тайи бештар аз чаҳор сол бо чунин душворӣ рӯ ба рӯст ва ҳарчанд баҳси сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳал шуд, қазияи ӯ ҳалношуда монд.

“Маро аз фурудгоҳи шаҳри Новосибирск пас гардонданд. Маъмурони марзбонӣ гуфтанд, ки аз ҷониби Қирғизистон таҳти пайгард ҳастам ва иҷозаи берун рафтан аз хоки Русияро надорам. Ба консулгарии Қирғизистон муроҷиат кардам. Дар онҷо гуфтанд, ки имкон надорад,” – нақл кард ӯ.

Ҷӯраев иддао дорад, ки ба монанди ӯ чанд сокини дигари Исфара дар Русия мавриди ҷустуҷӯи Қирғизистон ҳастанд ва ба ҳамин далел ба зодгоҳ баргашта наметавонанд.

Мақомоти интизомии Русия Диловар Ҷӯраевро дар моҳи ноябри соли 2021 бо дархости Қирғизистон дастгир, вале дертар раҳо карданд. Қирғизистон сабаби дар пайгард қарор додани ӯро ба “ташкили бетартибиҳои оммавӣ” ва “авбошӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ” байни Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон пайванд дод.

Додситонии кулли Тоҷикистон соли 2021 ин айбномаро дорои ангезаи сиёсӣ донист ва аз Додситонии кулли Русия хост, талаби Қирғизистонро бе баррасӣ гузорад. Диловар Ҷӯраев мегӯяд, аз он замон дар озодист, вале аз ҳудуди Русия берун рафта наметавонад. Вай ҳоло аз ниҳодҳои Тоҷикистон мехоҳад, ки қазияи ӯ ва ҳамтақдиронашро дар мулоқот бо ҷониби Қирғизистон дар миён гузоранд ва роҳаллеро пайдо кунанд.

Ба ҷуз аз Диловар Ҷӯраев, бо дархости Қирғизистон Фурқат Абдуфаттоев ва Комилҷон Юлдошев, сокинони шаҳри Исфара, низ дар Русия бо душворӣ дучор шудаанд. Бо дархости Тоҷикистон як шаҳрванди Қирғизистон ҳам дар Русия дастгир шуд.

Сарчашмаи парвандаи ин афрод муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи апрели соли 2021 аст. Душанбе ва Бишкек ҳамдигарро ба барангехтани ин ҷанҷол муттаҳам карданд, ки сабабаш таъйину нишонагузорӣ нашудани марз ва даъво барои обу замин буд ва аз ҳарду тараф куштаву захмии зиёд барҷой гузошт.

Ҳоло ҳарду тараф созиши марзиро имзо ва ба нишонагузории сарҳади давлатӣ сар кардаанд. Созише, ки Қирғизистон ҷузъиёташро ба мардумаш гуфт, вале Тоҷикистон ҳанӯз пинҳон медорад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Чаро Тоҷикистон ҷузъиёти созишро бо Қирғизистон расонаӣ намекунад?