Ҳушдори дубораи Трамп ба Ҳиндустон дар бораи боҷи гумрукӣ

Доналд Трамп

Раисҷумҳури Амрико бори дигар ба Ҳиндустон ҳушдор дод, ки ба далели хариди нафт аз Русия боҷи гумрукиро ба колоҳои ин кишвар ба таври чашмрас афзоиш медиҳад.

Доналд Трамп рӯзи 4-уми август дар Truth Social навишт, Ҳиндустон аз Русия нафти зиёд харида, сипас онро “барои фоидаи калон” мефурӯшад.

"Онҳо парво надоранд, ки чӣ қадар одамон дар Украина аз дасти мошини ҷангии Русия кушта мешаванд," – навишт Трамп.

Хабаргузории “Ройтерс” аз қавли сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон гуфт, ҳадаф қарор додани Ҳиндустон на одилона аст ва на мантиқӣ.

Президенти Амрико ҳушдор додааст, ки агар Маскав то рӯзи ҷумъа барои хатми ҷанги сеюнимсолааш бо Украина чора набинад, алайҳи кишварҳое, ки аз Русия сӯзишворӣ мегиранд, таҳримҳои нав ҷорӣ хоҳад кард.

Бо вуҷуди гузаштани муҳлат Маскав ҳеч аломате аз тағйири мавқеаш дар бораи ҷанги Украина нишон надодааст.

Сухангӯйи Кремл Дмитрий Песков рӯзи душанбе гуфт, онҳо мунтазири боздиди фиристодаи вижаи раисҷумҳури Амрико аз Маскав ҳастанд.

Интизор меравад, Стив Виткофф рӯзи 6 ё 7-уми август дар Маскав бо мақомоти Русия дар бораи ҷанги Украина ва ҳушдори Трамп мулоқот кунад.