Масъулони Идораи ҳолатҳои фавқулода ва ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд гуфтанд, ки сӯхтори азимро дар заминҳои марбут ба кони Адрасмон дар шаҳри Гулистон таҳқиқ доранд.
Ин сӯхтор дар охири моҳи июл сар зада, сокинонро ба ташвиш овард. Чанд сокини маҳаллӣ бо фиристодани аксу навор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бори аввал чунин сӯхтори азимро мебинанд ва аз пайомади он нигарон ҳастанд.
Ҷамшед Кӯчаков, муовини сардори Идораи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд, гуфт, “сӯхтор хомӯш карда шуд. Дар натиҷа дар ҳудуди ду гектар дарахтону алафҳои худрӯй зарар диданд”.
Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд мегӯяд, дар он минтақа асосан арчаҳои зарафшонӣ ва буттаҳои ҷангалӣ оташ гирифтаанд ва гармои сахт яке аз сабабҳои асосии сӯхтор дониста мешавад.
Сӯҳроб Холзода афзуд: “Агар як сабаби асосии сӯхтор тағйирёбии иқлим бошад, сабабҳои дигарро ниҳодҳои дахлдор таҳқиқ доранд. Ба ҳисоби мо, 100 бех дарахти бисёрсола ва зиёда аз 150 арчаи зарафшонӣ нобуд шудаанд”.
Гуфт мешавад, заминҳое, ки сӯхтаанд, дар ихтиёри кони маъдани корхонаи Адрасмон қарор доштаанд. Ин корхона тақрибан 15 сол боз аз кор монда, ахиран сармоягузорони Чин хостаанд, онро аз нав ба кор андозанд. Ин шаҳрак бо 16 ҳазор аҳолияш дар дурии тақрибан 100 километр аз маркази вилояти Суғд ҷойгир аст.
Дар нимаи аввали соли равон дар ҷангалҳои 9 минтақаи Тоҷикистон 434 гектар ҷангал сӯхтааст. На танҳо гармои шадид, балки беэҳтиётии одамон аз сабабҳои сӯхтани бешазорон номбар мешавад.