"Ба об афтоданд." Ҷустуҷӯи ду сарбози Вазорати дифоъ дар дарёи Вахш

Ду сарбози яке аз қисмҳои низомии Вазорати дифои Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён, дар дарёи Вахш ғарқ шудаанд.

Мақомот дар Хатлон гуфтанд, ки ҳодиса рӯзи 30-юми июл иттифоқ уфтод ва аз он замон ҷустуҷӯи сарбозон идома дорад.

Як манбаи Радиои Озодӣ дар Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Хатлон аз сарбозони ғарқшуда Солеҳ Худойбердиеви 19-сола ва Равшан Муҳаммади 20-сола ном бурд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, "амалиёти ҷустуҷӯи ду сарбоз дар соҳили Вахш то ноҳияи Қубодиён идома дорад. Сабаби дер пайдо шудани ҷасадҳо, баланд будани сатҳи оби дарёи Вахш ва бо шиддат ҷорӣ шудани он аст."

Ҳафтаи гузашта низ ду ҷавон дар дарёи Вахш ғарқ шуда буданд ва ҷасади онҳо то ҳол пайдо нашудааст. Яке аз пайвандони ин ҷавонони ғарқшуда аз ноҳияи Кӯшониён ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар баробари кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода худи онҳо низ дар соҳили дарё ҷасадҳоро ҷустуҷӯ доранд.

Тибқи омори расмӣ, аз аввали сол дар кӯлҳову дарёҳои вилояти Хатлон беш аз 50 нафар ғарқ шудаанд. Аксарияти онҳо дар рӯзҳои гарм ва ҳангоми оббозӣ дар соҳили кӯл ё дарё ҷони худро аз даст додаанд.

Камбуди ҳавзҳои шиноварӣ дар аксар шаҳру навоҳӣ ҷой дорад ва сокинон дар рӯзҳои гарм дар кӯлу дарёҳо оббозӣ мекунад, ки гоҳо ба марги онҳо меанҷомад.