Додгоҳи ҳарбӣ мӯҳлати ҳабси 19 нафар гумонбарон ва шарикони ҳамлаи террористӣ ба "Крокус Сити ҳол"-ро барои 6 моҳи дигар тамдид кард.
Дар ин бора хабаргузории давлатии ТАСС рӯзи 4-уми август аз қавли вакили мудофеъ Людмила Айвар хабар додааст.
Людмила Айвар намояндаи ҳуқуқии 127 ҷабрдида аст. Ба иттилои ин вакили дифоъ, бо қарори додгоҳ мӯҳлати ҳабси муттаҳамон то 7-уми январи соли 2026 тамдид карда шудааст.
Муҳокимаи гумонбарони ҳамла ба "Крокус" рӯзи чоруми август дар пойтахти Русия паси дарҳои баста сурат гирифт, ки аксарияташон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.
Дар курсии гумонбарон ба ҷиноят 19 нафар нишастанд, ки ба тарҳрезиву мусоидат ва анҷоми ҳамлаи террористӣ муттаҳам мешаванд.
Ба гузориши расонаҳои давлатии Русия, Фаридуни Шамсиддин, Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов ва Саидакрам Раҷабализода – чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, ки омилони асосии ҳамла ба толори "Крокус" номбар мешаванд, ба гуноҳи худ иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ кардаанд.
Людмила Айвар гуфтааст, "баъд аз хондани айбнома омилони асосии ҳамлаи террористӣ изҳор доштанд, ки ба гуноҳи худ пурра иқрор мешаванд ва аз кардаашон пушаймон ҳастанд."
Дар ҳамлаи террористӣ ба "Крокус" дар канори Маскав дар рӯзи 22-юми марти соли 2024 149 нафар нафар кушта ва 609 каси дигар маҷруҳ шуданд.