Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Раису муллои маҳалла буд." Фавти фарзандон аз дасти волидон баёнгари чист?


Хисрав Одинаев
Хисрав Одинаев

Хисрав Одинаев, писари 15-солаеро, ки баъди шиканҷа шудан ба ҳалокат расид, дар қабристони деҳаи Шибанай дар ноҳияи Темурмалик дафн кардаанд. Дар зодгоҳи падараш Парвиз Одинаев, ки дар марги ӯ муттаҳам мешавад ва ҳоло дар боздошт аст.

Намояндагони ҳукумати ноҳияи Темурмалик гуфтанд, ки Парвиз Одинаев дар соли 2005 ба шаҳри Турсунзода кӯчид. "Аз инҷо муҳоҷири дохилӣ шуда рафт. Дар шаҳри Турсунзода кор мекард. Хатмкардаи Донишкадаи тиҷорат буда, раис ва муллои маҳалла будааст," – гуфт Баҳодур Сафарзода, мудири хадамоти муҳоҷирати ноҳияи Темурмалик.

Ҳодиса рӯзи 26-уми июли имсол рух дод. Навори навраси шиканҷашуда, ки зоҳиран худи падар сабт кардааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд ва хашми корбаронро барангехт. То кунун садҳо нафар рафтори Парвиз Одинаевро накӯҳиш карда, хоҳони ҷазо гирифтанаш шуданд.

Мавқеи ӯ ва назари ҳамсару наздиконаш маълум нест. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, Одинаев писарашро ба дуздӣ гумонбар дониста, ҷазо додааст. Дар ҳукумати ноҳияи Темурмалик гуфтанд, Хисрав пеш аз ҳодиса аз хонаашон фирор карда, ба назди бобояш рафтааст.

Баҳодур Сафарзода гуфт: “Писараш як моҳ дар деҳаи Шибанай буд. Чи коре кардааст, ки бобояш гуфтааст, биёву бачаатро бар. Баъд аз инҷо рафтан боз дуюмбора дуздӣ кардааст. Дар сари асабоният ҳамин ҳодиса рух додааст.”

Бисёре аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки тарафдори тарбияи фарзанд ҳастанд, вале на ба ин шевае, ки Парвиз Одинев раво дидааст. Бархе амалкарди ӯро “ҷинояти нобахшиданӣ" номиданд.

Марде, ки барои марги писараш дастгир шуд, кист?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

Дар ҳоле ки назари наздикон дастрас нест, раиси ноҳияи Темурмалик ҳодисаро “нанговар” хонд. Шералӣ Ҳасанзода гуфт, ба иттилои гирифтааашон Парвиз Одинаев “хислати хуб дошт”, аммо гоҳе зуд асабӣ мешуд: “Дар як вақти муайян асабҳояш вайрон мешудааст, ки худаш намедонистааст чӣ кор анҷом медиҳад. Додараш ҳамингуна шарҳ дод.”

Парвиз Одинаев бо гумони қасдан расондани зарар бо оқибатҳои вазнин дар боздошт аст. Ба вай аз 10 то 15 сол зиндон таҳдид мекунад. Ӯ ба ҷуз Хисрав Одинаев, се писар ва як духтари дигар дорад.

Натиҷаи бераҳмӣ ё вазъи бади иқтисодиву иҷтимоӣ?

Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон ин ҳодиса ва ду мавриди дигари марги атфол аз дасти падар ё модарро дар соли ҷорӣ ташвишовар хонд.

Миҷгона Бобоҷонзода
Миҷгона Бобоҷонзода

Миҷгона Бобоҷонзода рӯзи чоруми август гуфт: “Аз дасти падар ба ҳалокат расидани фарзанд як бераҳмиро нишон медиҳад. Ман фикр мекунам, модар низ шоҳиди ҳамин воқеа будааст. Ин ҳодиса бори дигар мавзӯи осебпазир будани кӯдаконро ба миён гузошт ва зарурати андешидани тадбирҳои ҷиддиро дар самти ҳифзи кӯдакон собит сохт”.

Аз ин пеш, шаби 29 ба 30-уми июн Мадина Ҳалимова аз ноҳияи Фархор чаҳор фарзанд ва худашро зоҳиран бо қасди худкушӣ ба рӯди Сурхоб андохт. Фарзандонаш ғарқ шуданд, вале худаш зинда монд. Юлдуз Бозорова, рӯзи 21-уми июн ба бадани се кӯдаки хурдсолаш корд зад ва духтари шашмоҳаашро кушт.

Хабарнигорон аз Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак пурсиданд, ки оилаҳои осебпазирро чӣ гуна муайян мекунанд? Суҳайлӣ Қодирӣ, намояндаи Ваколатдор гуфт: “Агар падару модар ё васию парастор ё намояндагони дигари қонунии кӯдак агар муътод бошад, майзада бошад, ҳолатҳои муайяни равонӣ бошад, бале ин ҳолатҳо ошкор ва кӯдакон аз ин оилаҳо гирифта мешаванд. Дар ҳақиқат ин гуна рӯйхатҳо ҳастанд, аммо танҳо дар доираи маҳалли алоҳида.”

Фарҳод Одинаев
Фарҳод Одинаев

Фарҳод Одинаев, фаъоли иҷтимоӣ дар Аврупо назари дигар дорад: “Вазъи бади иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон. Бо назардошти ҳамаи ин, боз вазъи равонии мардум поин рафтааст.”

Ба иттилои Омбудсмен, имсол ҷиноятҳо аз сӯйи кӯдакон 18 дарсад кам шуд, вале хушунати зидди онҳо 30 дарсад афзуд. Вокуниш ба ин зӯровариҳо бештар пас аз воқеа аст, то пеш аз вуқуъ ва ҳанӯз чораҳои ҷиддии пешгирӣ корбаст нашудаанд.

Афзоиши фавти кӯдакон аз дасти волидонашон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00
XS
SM
MD
LG